Июл 21, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори талафоти ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон

Вазири иттилоърасонии Покистон аз афзоиши шумори қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ дар шимоли ғарби ин кишвар ба 10 нафар хабар дод.

Ба нақл аз ИРНА, Фирдавс Ошиқ Аъвон гуфт, шумори талафот дар ҳамлаи субҳи имрӯз якшанбе ба мақарри нерӯҳои пулис дар шаҳри Дайр Исмоилхон дар наздикии шаҳри Пешовар, маркази иёлати Хайбар Пахтунхои Покистон аз 6 нафар ба 10 нафар афзоиш ёфт.

Вай афзуд, шаш нафар аз ҷонбохтагони ҳамлаҳои имрӯзи террористҳо дар шаҳри Дайр Исмоилхон аз нерӯҳои пулис ҳастанд.

 

Барчасп