Июл 23, 2019 12:05 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи парвандаи озори ҷинсии занони варзишкори афғон

Парвандаи озори ҷинсии занони варзишкори афғон ба додгоҳ рафт.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, моҳи гузашта Киромуддин Карим раиси пешини Федератсияи футболи Афғонистонро ба ҷурми сӯистифода аз мавқеияти шуғлӣ ва таҷовузи ҷинсӣ ба панҷ футболбози духтар барои ҳамеша аз фаолиятҳои варзишӣ маҳрум карда буд.

Дар баёнияи ФИФА омада буд, Карим таи солҳои 2013 то 2018 ба ҳамроҳи чанд тани дигар панҷ футболбози духтарро мавриди таҷовуз ва озору азияти ҷинсӣ қарор додааст.

Вай аз сӯи ФИФА аз тамоми фаолиятҳои марбут ба футбол дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ маҳрум шудааст.

Ҳукми ФИФА дар бораи чаҳор узви дигари Федератсияи футболи Афғонистон, ки бо иттиҳомоти мушобиҳе ру ба ру буданд эълом нашудааст. Мавзӯе, ки эътирози сармураббии футболи занони Афғонистонро ба дунбол дотш.

 

Барчасп