Ироаи лоиҳаи радди салоҳияти Борис Ҷонсон ба парлумони Бритониё
(last modified Thu, 25 Jul 2019 13:18:48 GMT )
Июл 25, 2019 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ироаи лоиҳаи радди салоҳияти Борис Ҷонсон ба парлумони Бритониё

Камтар аз 24 соат пас аз оғози нахуствазирии Борис Ҷонсон бар Бритониё, раҳбари Ҳизби либерал-демократи ин кишвар бо ироаи салби салоҳияти вай ба Маҷлиси авом, ҳизби ҳокимро ба чолиш кашид.

Ба гузориши ИРНА, Ҷо Суинсон, раҳбари ҷадиди Ҳизби либерал демократи Бритониё имрӯз (панҷшанбе) лоиҳаеро ба парлумон ироа кард, ки агар муваффақ ба касби раъйи аксарияти намояндагон шавад, давлати тарафдори “Brexit”-и Ҷонсон, пеш аз поёни мӯҳлати хурӯҷ аз Иттиҳоди Аврупо барканор шавад.

Дар матни ин лоиҳа омадааст: “намояндагони маҷлис ба Борис Ҷонсон, нахуствазир эътимод надоранд ва бо гузинаи хурӯҷи бидуни тавофуқ аз Иттиҳоди Аврупо ва тӯлонӣ шудани таътилии парлумон мухолифанд”.

Ҷонсон, ки чаҳоршанбе шаб ба таври расмӣ кори худро дар мақоми нахуствазирии Бритониё оғоз кард, дар аввалин нутқи худ баробари дафтари нахуствазирӣ гуфт, ки агар то 31 октябр натавонад бо парлумон ба тавофуқ бирасад, Бритониёро бидуни тавофуқ аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ хоҳад кард.

Бо ин ҳол, Ҷо Суинсон эълом кард, ки ҳамаи талоши худро барои таваққуфи Брекзит ба кор мебандад, зеро Бритониё ояндаи беҳтареро дар сурати идомаи узвият дар Иттиҳоди Аврупо таҷриба хоҳад кард.

Бар асос охирин тасмими Шӯрои Аврупо, Бритониё то 31 октябр фурсат дорад то тарҳи Брекзитро ба таъйиди парлумон бирасонад, Брекзитро мутаваққиф кунад ва ё бидуни тавофуқ аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад.