Тасмими Бритониё ба ҳамроҳии киштиҳояш дар тангаи Ҳурмуз
Давлати Бритониё эълом кард, аз ин пас киштиҳои ин кишвар барои убур аз тангаи Ҳурмуз ҳамроҳӣ мешаванд.
Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, як сухангӯи давлати Бритониё имрӯз (панҷшанбе) дар баёнияе эълом кард, аз ин пас Нерӯи дарёии салтанатии ин кишвар, киштиҳои дорои парчами Бритониёро ҳангоми убур аз тангаи Ҳурмуз, ҳамроҳӣ хоҳад кард.
Ин мақоми бритониёӣ афзуд, албатта ҳамроҳии ин киштиҳо машрут ба ин аст, ки онҳо убури худро ба нерӯи дарёӣ иттилоъ диҳанд.
Ҳамзамон, рӯзномаи амрикоии Вашингтон Эксимер гузориш дод, Бритониё дар шароите дар садади ташкили новгони аврупоӣ дар Халиҷи Форс аст, ки худи ин кишвар киштии кофӣ барои иҷрои ин тарҳ надорад ва теъдоди зиёде аз новҳо ва новчаҳои нерӯи дарёии Бритониё дар ҳоли таъмиранд.
Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи чаҳоршанбе бо таъкид бар ин ки масъулияти аслии ҳифозат аз тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс бар ӯҳдаи Эрон ва кишварҳои ҳамҷавор аст, гуфт: Иқдоми Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар тавқифи киштии мутахаллифи бритониёӣ дар тангаи Ҳурмуз иқдоме дуруст буд ва ҳамаи ҷаҳон бояд аз сипоҳи посдорон ба иллати таъмини амнияти Халиҷи Форс, қадрдонӣ кунанд.
Рӯҳонӣ тасреҳ кард, Эрон иҷоза нахоҳад дод кишваре дар Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз ноамнӣ эҷод кунад ва иқдомоти Эрон дар ин минтақа мутаносиб бо тахаллуфоти тарафи муқобил аст.