Июл 27, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 56 фаластинӣ дар тазоҳуроти Бозгашт

56 фаластинӣ дар тазоҳуроти Бозгашт захмӣ шуданд.

Ба нақл аз ИРНА вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза гузориш дод; ки дар 67 мин ҳафта аз баргузории тазоҳуроти Бозгашт дар марзи ин Борика ва сарзаминҳои ишғолӣ,56 фаластинӣ тавассути Саҳюнистҳо захмӣ шуданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Фаластин Алявм, вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза афзуд; дар ин тазоҳурот 56 фаластинӣ аз ҷумла 38 нафар ба зарби  гулулаи низомиёни Саҳюнистӣ захмӣ шуданд.

Бар асоси ин гузориш,22 кудак ва се зан дар миёни захмиҳои тазоҳуроти бозгашти ин ҳафта ҳастанд.

Вазорати беҳдошти Фаластин ҳамчунин дар гузориши худ овардааст,ки Саҳюнистҳо ба сӯи худрави имдодрасоне дар шарқи Ғазза оташ кушоданд.

67 умин Тазоҳуроти Бозгашти ин ҷумъа бо шиори Ҷумъаи Оворагони Лубнон дар марзи Ғазза ва сарзаминҳои ишғолӣ баргузор шуд.

Тазоҳуроткунандагон таъкид карданд, ҳузури фаластиниҳо дар Лубнон мувақатӣ аст ва миллати Фаластин бар Ҳаққи Бозгашт таъкид дорад.

Барчасп