Июл 28, 2019 09:24 Asia/Dushanbe
  • Осонсозии додани шаҳрвандии Русия ба хонаводаҳои коргарони муҳоҷир

Вазорати умури дохилии Русия тарҳи қонунеро пешниҳод кардааст, ки бар асоси он раванди дарёфти шаҳрвандии ин кишвар барои аъзои хонаводаҳои коргарони муҳоҷири хориҷӣ осон хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии ТАСС , Кирил Адзинов-мудири идораи раводид ва судури иҷозатномаи кори вазорати умури дохилии Русия дар Шӯрои федератсияи ин кишвар эълом кард: Бо иҷро шудани ин қонун, бастагони он идда аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон, ки шаҳвандии Русияро доранд, бидуни мушорикат дар озмуни забони русӣ метавонанд ҳаққи иқомати доим дар ин кишварро ба даст оваранд.

 Қаблан барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия бояд шаҳрвандони хориҷӣ ба муддати се сол иқомати муваққатӣ дарёфт мекарданд, ки ин муддат аз моҳи сентябр имсол ба як сол коҳиш меёбад.

 Ҳамчунин муддати баррасии дархости дарёфти шаҳрвандии Русия барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз шаш моҳи феълӣ ба чаҳор моҳ коҳиш хоҳад ёфт.

 Ба мутахассисон низ имтиёзоте дода мешавад, ки ин ашхос метавонанд шаш моҳ пас аз гирифтани иқомати доимӣ ба шаҳрвандии ин кишвар дароянд.

Ин дар ҳоле аст, ки Владислав Маркевич, намояндаи хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон вобаста ба вазорати умури дохилии Русия дар ҳамоиши “Баррасии раванди муҳоҷирати тоҷикон” дар шаҳри Душанбе эълом кард, ки дар шаш моҳи имсол 10 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

 

Барчасп