Июл 28, 2019 11:24 Asia/Dushanbe
  • Имкони ширкати Толибон дар интихоботи Афғонистон

Давлати Афғонистон аз имкони ширкати гурӯҳи Толибон дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сухангӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи давлати ваҳдати миллии Афғонистон гуфт: Чунончи гурӯҳи Толибон бо ширкат дар музокироти сулҳ бо давлат ва поён додан ба ҷанги 18 сола мувофиқат кунад, метавонад дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ширкат кунад.

Сухангӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ афзуд: Ҳар вақт Толибон бихоҳад бо давлати Афғонистон гуфтугӯ кунад, дарҳои музокира ба рӯйи онҳо боз аст.

Салом Раҳимӣ-вазири давлат дар умури сулҳи Афғонистон рӯзи шанбе аз оғози музокироти сулҳ байни давлати Кобул ва гурӯҳи Толибон то ду ҳафтаи оянда хабар дод.

 Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳи Толибон то кунун музокироти сулҳ бо давлати Афғонистонро напазируфтааст.

 Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 сентябр бо ширкати 18 номзад аз ҷумла Ашраф Ғанӣ-раисҷумҳури феълии ин кишвар баргузор мешавад.

 

Барчасп