Нишасти фавқулодаи камиссиони БарҶОМ дар Вена
Нишасти фавқулодаи камиссиони БарҶОМ ба дархости Фаронса, Британия, Олмон ва Ереван бо ҳузури намояндаи Иттиҳодияи Аврупо ва ба раёсати саид Аббоси Ироқчӣ ва Ҳилго Шмид муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи якшанбе 28 июн дар Вена баргузор шуд.
Дар ин нишаст, тавофуқҳо ва ҳамоҳангиҳои нишасти қаблии камиссиони БарҶОМ ва раванди пешрафти онҳо мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.
Саид Аббоси Ироқчӣ рӯзи якшанбе пас аз поёни нишасти фавқулодаи камиссиони БарҶОМ дар Вена дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, Эрон ба коҳиши тааҳудоти худ дар тавофуқи ҳастаӣ то замоне, ки аз манофеаш муҳофизат шавад, идома медиҳад.
Нишатси қаблии ин камиссион дар сатҳи мудирони сиёсии Вазорати хориҷа рӯзи 28 моҳи июн дар ҳоле дар Вена баргузор шуд, ки Эрон дар вокуниш ба бадъаҳдиҳои пай да пайи тарафҳои аврупоӣ бахшҳое аз тааҳудоти худро коҳиш дод.
Дар иҷрои ин тасмим Эрон 7 июл пас аз поёни муҳлати 60 рӯза ба Аврупо барои иҷрои тааҳудоти барҷомӣ дар гоми нахусти маҳдудиятҳои таиншуда дар БарҶОМ дар ҳавзаи ғанисозии ураниюм ва тавлиди оби сангинро бекор ва фароянди убур аз сатҳи ғанисозии 3.67 дарсадро оғоз кард.
Бар асоси бандҳои 26 ва 36 БарҶОМ, дар сурати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳудоташ Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.
Саид Ҳусайни Нақавии Ҳусайнӣ сухангӯи Камиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлсии Шурои исломии Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории маҷлис бо ишора ба коҳиши тааҳудоти барҷомии Эрон гуфт, дар сурати амалӣ нашудани ваъдаҳои се кишвари аврупоии Олмон, Англия ва Фаронса барои ҳифзи БарҶОМ қатъан Эрон иҷрои гомҳои баъдиро дар дастури кори худ қарор хоҳад дод.
Сухангӯи Камиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлсии Шурои исломии Эрон бо ёдоварии муҳлати 60 рӯзаи дуввуми Эрон ба Аврупо афзуд, афзоиши теъдоди сантерфиюжҳо, насби дубораи сентерфиюжҳои IR-2 ва IR-2m, афзоиши теъдоди сантерфиюжҳои фаол дар обшорҳои ғанисозӣ ва ғанисозии 20 дарсадӣ ва тақвияти оби сангини Арок аз гузинаҳои матраҳ дар гоми севвум аст.
Пас аз хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ, аврупоиҳо ба вижа се кишвари Фаронса, Британия ва Олмон ваъдаи ҳимояти комил аз БарҶОМро доданд ва аз Эрон хостанд, ки бар тааҳудоти БарҶОМ боқӣ бимонад. Эрон ба аҳди худ амал карда ва интишори понзда гузориши Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ, муиди ҳамкории комили Эрон дар БарҶОМ аст. Ин раванд аммо дар сурате ба натиҷа хоҳад расид, ки ду тарафа бошад. Аврупоиҳо дар ҳоле муддаии ҳимояти БарҶОМ ҳастанд, ки танзи талхи онҳо ба номи Инсеткс ҳатто баровардаи заррае аз манофеи барҷомии Эрон ҳам нест.
Аврупо барои ҳифзи ин тавофуқи байналмиллалӣ созукорҳоеро пешниҳод дода, аммо барои иҷрои он бо тардид ру ба ру аст. Аз ин ру гиреҳи ин кор бадасти Аврупо боз хоҳад шуд.
Ҷон Тирман мудири иҷроӣ ва пажуҳишии маркази мутолиоти байналмиллалии донишгоҳи М.I.T-и Амрико муътақид аст, Аврупо дар муқобили Амрико ва барои иҷрои тааҳудоташ заъиф аст, бинобарин набояд таваққуи иттифоқи вижае аз сӯи Аврупоро дошт.
Аврупо пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶОМ 11 тааҳуд ба Эрон дод. Ин тааҳуд шомили масоили марбут ба сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, фуруши нафт ва дигар маворид аст ва Инсеткс муқаддамае барои иҷрои тааҳудоти Аврупо аст.
Он чи мусаллам аст бо таваҷҷуҳ ба ин тааҳудот, ҳифзи БарҶОМ мусталзими нақшофаринии фаолона аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо аст. Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар ин замина дар изҳороте сареҳ таъкид кардааст, мо тааҳудоти худро ба ҳамон шакле анҷом медиҳем, ки Аврупо тааҳудоти худро анҷом диҳад.
Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ҳам пеш аз иқдоми Эрон ба коҳиши тааҳудоти барҷомӣ бо ирсоли нома барои сарони 5 кишвари аврупоӣ ва бо интишори баёнияе расмӣ эълом кард, иқдоми Эрон дар коҳиши тааҳудот барои зарба задан ба БарҶОМ нест, балки дар ростои ҳифзи БарҶОМ аст, чаро ки муътақидем, ки агар иқдоме анҷом надиҳем БарҶОМ аз байн хоҳад рафт.
Акнун бояд дид ройзаниҳои рӯзи якшанбе дар Вена то чи андоза метавонад интизорот аз охирин фурсатҳои боқимонда барои ҳифзи БарҶОМро бароварда созад.