Июл 30, 2019 14:13 Asia/Dushanbe
  • Таълиқи қозии парвандаи нахуствазири собиқи Арманистон

Шурои олии қазоии Арманистон ҳукми қозии парвандаи нахуствазири собиқи ин кишварро таълиқ кард.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Арка-Ниюз, Додситонии кулли Арманистон аз Девид Григуриён қозие, ки ҳукми озодии Роберт Кучориёнро содир карда буд шикоят кардааст.

Шурои олии қазоии Арманистон низ ин шикоятро пазируфта ва қобили баррасӣ донистааст.

Пеш аз ин низ маъмурони таҳқиқоти вижа, дафтари ин қозии арманистониро мавриди тафтиш қарор дода буданд.

Роберт Кучориён чанде пеш ба иттиҳоми дарёфти ришва ва саркуби мухолифон боздошт шуда буд. Кучориён  каме баъд бо ҳукми қозӣ Девид Григуриён ва бо қарори васиқа озод шуд.

Никол Пошинон нахуст вазири Арманистон аз мухолифони ҷиддии Кучориён аст. Вай зимни ибрози нохурсандӣ аз озодии Кучориён тағйироти густарда дар низоми қазоии ин кишварро дар дастури кори худ қарор дод.

 

 

Барчасп