Поёни Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурди Русия ва Амрико
Русия рӯзи ҷумъа поёни Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд ё INF-ро бо иқдоми Амрико эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Вазорати умури хориҷии Русия дар баёнияе эълом кард, дувуми августи соли 2019 бо ибтикори Амрико эътибори паймоне, ки ҳаштуми декабри соли 1987 дар Вашингтон байни Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва Амрико дар мавриди ҳазфи мушакҳои ҳастаии миёнбурд, ё ҳамон INF имзо шуд, ба поён мерасад. Бо ин вуҷуд Русия таваққуфи муваққати истиқрори мушакҳои ҳастаии миёнбурдро хостор шудааст. Аз сӯи дигар пойгоҳи интернетии Вазорати умури хориҷии Амрико ҳам бо интишори баёнияе хурӯҷи ин кишварро аз Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд эълом кард. Дар ин баёния омадааст, дувуми феврали соли 2019 Амрико ба иллати идомаи нақзи Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд аз сӯйи Русия дар бораи хурӯҷи худ аз ин паймон дар муддати шаш моҳ ҳушдор дода буд.
Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд як паймони бисёр муҳим дар заминаи контроли таслиҳот аст, ки се даҳа қабл тавассути Роналд Рейган, раисҷумҳури асбақи Амрико ва Мехаил Горбачев, раҳбари Иттиҳоди Шӯравии собиқ имзо шуд ва бо аз байн рафтани он нигарониҳое дар бораи рақобати таслиҳоти ҷадид дар сатҳи ҷаҳон эҷод шудааст.
Русия ва Амрико, ки рӯзи ҷумъа ҳарду аз Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд берун рафтанд, агар Паймони старти ҷадидро низ, ки дар авоили соли 2021 поён меёбад, тамдид накунанд, ё паймони дигареро ҷонишини он накунанд, барои аввалин бор дар ним қарни ахир ҳеҷ маҳдудияти илзомоваре рӯйи зарродхонаҳои ду қудрати ҳастаии бузурги ҷаҳон вуҷуд нахоҳад дошт.