Илтимоси Трамп ба раҳбари Кураи шимолӣ барои тавқифи озмоишҳои мушакӣ
(last modified Sat, 03 Aug 2019 09:57:45 GMT )
Август 03, 2019 14:57 Asia/Dushanbe
  • Илтимоси Трамп ба раҳбари Кураи шимолӣ барои тавқифи озмоишҳои мушакӣ

Раиси ҷумҳурии Амрико раҳбари Кураи шимолиро дӯсти худ хонда ва бо лаҳни илтимосона аз Ӯ хоста озмоишҳои мушакии бештар анҷом надиҳад.

Доналд Трамп,раиси ҷумҳурии Амрико дар ТВИТТЕР бо баёни ин,ки озмоишҳои мушакии ахири Пюнг Ёнг нақзи тавофуқоти Ӯ бо раҳбари Кураи шимолӣ дар Сингапур набуда бо лаҳне илтимосона аз ин кишвар хост озмоишҳои бештаре анҷом надиҳад.

Трамп дар ТВИТТЕР навишт; Ким Ҷун Ун ва Кураи шимолӣ дар чанд рӯзи гузашта се мушаки кутоҳбурд озмоиш карданд. Ин озмоишҳои мушакӣ нақзи тавофуқи имзошудаи мо дар Сингапур нест, ҳангоме,ки мо дар онҷо даст додем  суҳбате ҳам  дар бораи мушакҳои кутоҳбурд матраҳ нашуд.

 Вай дар идома навишт; мумкин аст ин озмоишҳои нақзи ( қатъномаҳои Шӯрои амнияти ) Созмони Милалл  бошанд, аммо Ким намехоҳад бо аз даст додани эътимоди ман, маро ноумед кунад.

Ҳануз чизҳои зиёде ҳастанд,ки Кураи шимолӣ бояд ба даст биёварад.

 Кураи шимолӣ дар ҷойгоҳи як кишвар, таҳти раҳбарии Ким Ҷун Ун қобилиятҳои номаҳдуде дорад.

Албатта ин имкон ҳам вуҷуд дорад,ки  онҳо чизҳои зиёде аз даст бидиҳанд, аммо муътақидам,ки Ким чашмандози зебо ва фавқулодае барои кишвараш дорад ва фақат Иёлоти Муттаҳида, бо раёсати ҷумҳурии ман метавонад ин чашмандозро муҳақақ кунад. Ӯ кори дурустро анҷом хоҳад дод,чун боҳуштар аз он аст,ки ин корро анҷом надиҳад ва намехоҳад дӯсташ,раиси ҷумҳур Трампро ноумед кунад.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар моҳҳои гузашта борҳо муддаъӣ шуда буд,ки тавониста озмоишҳои мушакии Кураи шимолиро кантрол кунад.Ӯ гуфта буд,ки дар давлати мо қабли Ӯ, Кураи шимолӣ муратабан озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаӣ анҷом медод, аммо ин раванд баъд аз рӯи кор омадани қатъ шудааст.

 Трамп талош карда ин озмоишҳоро кам аҳамият ҷилва диҳад.

Амрико ва Аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милалли Муттаҳид аз замони аввалин озмоиши атомии Кураи шимолӣ дар соли 2006 милодӣ, чандин даври таҳрим алайҳи Кураи шимолӣ вазъ кардаанд.

Барчасп