Суханони Лориҷонӣ сархати расонаҳои Афғонистон шуд
(last modified Sun, 04 Aug 2019 14:38:43 GMT )
Август 04, 2019 19:38 Asia/Dushanbe
  • Суханони Лориҷонӣ сархати расонаҳои Афғонистон шуд

Суханони Алии Лориҷонӣ дар дидор бо раиси Маҷлиси сенати Афғонистон мавриди истиқболи расонаҳои ин кишвар қарор гирифт.

Расонаҳои рӯзи якшанбеи Афғонистон таъкиди Лориҷонӣ дар дидор бо Фазл Ҳодӣ Муслимёр мабнӣ бар зарурати моликияти афғонҳо бар музокироти сулҳ ва ҳифзи истиқлол ва ҷумҳурияти ин кишварро барҷаста карданд.

Бадаҳдии амрикоиҳо дар қиболи кишварҳои исломӣ ва истиқболи Эрон аз барқарории сулҳу амният дар Афғонистон, аз дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои ин кишвар аз суханони Лориҷонӣ буд.

Раиси Маҷлиси сенати Афғонистон барои дидор ва гуфтугӯ бо раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ дар Теҳрон ба сар мебарад.

Маҷлиси сенати Афғонистон 102 намоянда дорад, ки як севуми он тавассути шӯроҳои шаҳристонҳо (34 намоянда) барои як давраи сесола интихоб мешавад. Як севвуми тавассути шӯроҳои устонӣ (34 намоянда аз 34 устон) барои як давраи чорсола интихоб шуда ва як севвуми дигар тавассути раисҷумҳур мансуб мешаванд.