Август 05, 2019 11:51 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи мутолиотии Созмони Милалл дар бораи ифротгароӣ адр Осиёи Марказӣ

Барномаи тавсиъаи созмони Милалли Муттаҳид ( UNDP ) ва Созмони байналмиллалии муҳоҷират ( IOM ) тавофуқномаеро барои баррасиии заминаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ифротгароӣ дар байни ҷавонони Осиёи Марказӣ имзо карданд.

Ба нақл аз ИРНА,дар чорчуби ин тавофуқнома,Созмони байналмиллалии муҳоҷирати шохаи Осиёи Марказӣ, омилҳои асарзоӣ иҷтимоӣ- сиёсӣ сабаб ба осебпазирии мардон ва занони ҷавон дар ҷомеъаҳои маҳалиро дар баробари ифротгароӣ баррасӣ хоҳад кард.

Ин кори иттилоотӣ бар асоси кори майдонӣ дар ҷомиъаҳои мунтахаб дар се кишвари Осиёи марказӣ анҷом мешавад,ки ба тври умда мабдо ё маҳали убур ва мақсади муҳоҷирон ҳастанд.

Ҷон Касирович ҳамоҳангкунандаи  Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ гуфтааст ; ду рӯз аз арзёбиҳои ҷомиъ дар бораи иртибот байни осебпазириҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва хатари ифротгароии навзуҳур дар соҳои 2016 ва 2017 дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон анҷом шудааст.

Вай афзуд; кори муштарки нав низ шоҳид ва мадорики бештаре дар хусуси хатарҳо ва авомили мунҷар ба осебпазирӣ дар баробари ифротгароӣ дар ихтиёри мақомоти кишварҳои минтақа қарор хоҳад дод.

6.4 миллион долар будҷаи мавриди ниёзи ин тарҳи минтақаӣ барномаи тавсиъаи Созмони Миллали Муттаҳидро давлати Ҷопон таъмин мекунад.

Мутолиоти ин ниҳодҳои ҷаҳонӣ барои решаёбии ифротгароӣ дар осиёи Марказӣ дар ҳоле аст,ки ба гузориши пойгоҳи хабарии Сойфер Бриф, кишварҳои ин минтақа ба хусус Узбакистон ва Тоҷикистон ҳарчанд ба тавлиди шумори зиёде аз ҷангҷуёни хориҷӣ шинохта шудаанд аммо худ и ин кишварҳо то ҳадди зиёде аз ҳамлаҳои террористии дохилӣ дар амон будаанд,аммо равандҳои терроризми ҷаҳонӣ ҳоки аз афзоиши таҳдиди терроризм дар минтақа ва дурнамоӣ хушунат ва бесуботӣ аст.

Барчасп