Шигефтарин парандаи дунё + видио
Лойи Бир бо торҳои савтии бисёр тавонманд ва инъитофпазир ба роҳатӣ метавонад ҳатто анвои садоҳои васоили сохти башар назири арраи барқӣ, шотер дурбини акосӣ,ожури дуздгири худравро тақлид кунад.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо; як парандаи бумии Австралия ба иллати тавоноии хосе,ки дар тақлиди анвои садоҳо дар муҳити атрофаш дорад, шигифтӣ ва кунҷковии донишмандони улуми зистиро барангехтааст.
Анастасия Долзейл устоди донишгоҳи миллии Австралия пас аз анҷоми таҳқиқоти густарда бар рӯйи торҳои сувтии рамзолуди ин парандаи нодир эълом кард; Лойи Бир шигифтангезтарин парандаи дунёст,ки дорои ҳуши зиёд,ҳофизаи қавӣ ва гушҳои тез аст.
Пажуҳишгарони австралиёи муътақиданд Лойи Бир дар кутоҳтарин замони мумкин пас аз шунидани ҳар садое онро ба сурат дар ҳофизаи худ захира, бозсозӣ ва ба василаи торҳои сувтии муъҷизагунааш ба беҳтарин ваҷҳ тақлид мекунад.
Ин паранда,ки дар минтақаҳои ҳифозатшуда ва паркҳои миллии Сиднӣ ва Мелбурни Австралия нигаҳдорӣ мешавад заминаи ҷазби гардишгарони хориҷиро низ фаро ҳам кардааст.