Август 05, 2019 20:26 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маҷлиси санои Афғонистон вориди Машҳад шуд

Раиси Маҷлиси санои Афғонистон рӯзи душанбе дар раъси ҳайате вориди Машҳад шуд ва мавриди истиқболи муовини ҳамоҳангӣ ва мудирияти умури зоирини устондории Хуросони Разавӣ қарор гирифт.

Ба гузориши ИРНА, сарконсули Афғонистон дар Машҳад дар хусуси аҳдофи сафари раиси Маҷлиси санои ин кишвар ба хабарнигори ИРНА дар Машҳад гуфт, раиси Маҷлиси санои Афғонистон зиёрати ҳарами имом Ризо (а)-ро аз ҷумлаи аҳдофи ин сафари якрӯза донист.

Абдулҷобири Ансор афзуд, дидор бо муҳоҷирон ва бархе атбои афғонистонии муқими Машҳад ва баррасии масоил ва мушкилоти онҳо аз дигар аҳдофи ин сафар аст.

Вай бо баёни ин ки раиси Маҷлиси санои Афғонистон бар тавсеаи равобити ҳамаҷониба бо Эрон таъкид дорад, идома дод, дар ин сафар ҳамчунин бо бархе аз масъулони устондории Хуросони Разавӣ дидору гуфтугӯ мешавад.

300 ҳазор нафар аз атбои хориҷӣ дар Хуросони Разавӣ зиндагӣ мекунанд, ки бахши умдаи онҳо аз атбои кишвари Афғонистон ҳастанд.

 

Барчасп