Август 06, 2019 10:10 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Кореяи Ҷанубӣ алайҳи размоиши Амрико

Шуморе аз шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ дар эътироз ба баргузории размоиши муштараки ин кишвар ва Амрико дар Сеол тазоҳурот карданд.

Ба нақл аз ИРНО, шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ дар ҷараёни эътирозҳои худ, ки аз рӯзи душанбе оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад эълом кардаанд, баргузории чунин размоише боисии афзоиши танишҳо бо Кореяи Шимолӣ мешавад ва хостори бекор кардани он шудаанд.

Размоиши 15 рӯзаи муштараки низомии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ аз дирӯз душанбе оғоз шудааст.

Баргузории размоиши муштараки Сеол ва Вашингтон дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷаи Кореяи Шимолӣ чанде пеш дар баёнияе ҳушдор дода буд агар размоиши муштараки Амрико ва Кореяи Ҷанубии Донг Монг дар нимаҷазираи Корея баргузор шавад музокироти коршиносии барномарезишуда дар дидори ахири сарони Кореяи Шимолӣ ва Амрико дар минтақаи марзии Понмунчум дар бораи масъалаи атомӣ таҳти таъсир қарор хоҳад гирифт.

Барчасп