Август 06, 2019 16:33 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Толибон бар ҷилавгирӣ аз интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон

Гурӯҳи Толибон бар ҷилавгирӣ аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, гурӯҳи “Толибон” рӯзи сешанбе бо судури баёнияе эълом кард, аз он ҷо ки раванди интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз сӯйи хориҷиҳо пуштибонӣ ва назорат мешавад, ин гурӯҳ иҷоза намедиҳад, ин рӯйдод бо муваффақият ба саранҷом бирасад. Гурӯҳи Толибон дар ин баёния таҳдид кард, иқдомот ва муборизоти таблиғотии номзадҳои интихоботро ҳадаф қарор медиҳад.

Ин баёния дар ҳолест, ки ҳаштумин даври музокироти Амрико бо гурӯҳи Толибон дар Қатар аз рӯзи шанбе оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад. Бо вуҷуди эътирофи гурӯҳи Толибон ба бенатиҷа будани музокироти ин гурӯҳ бо Амрико дар Қатар Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон муддаии пешрафт дар ин музокирот шуд. Гурӯҳи Толибон ҳамчунин то кунун ба дархости давлати Афғонистон барои азсаргирии музокироти мустақим бо давлат ҳам посухи мусбат надодааст.

Муборизоти интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз рӯзи якшанбе, 28 июл оғоз шудааст ва номзадҳои ин давра аз интихобот ду моҳ фурсат доранд, то барномаҳои худро барои мардуми ин кишвар ташреҳ кунанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон қарор аст, 28 сентябр бо ширкати 18 номзад, аз ҷумла Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури феълӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Давлати Ваҳдати Миллии ин кишвар баргузор шавад.

 

Барчасп