Август 08, 2019 19:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳаллокати шуморе аз низомиёни Саудӣ дар ҷунуби Арабистон

Дар амалиёти камини артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар устони Наҷрон,шумори зиёде аз низомиёни Саудӣ ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА, чанд низомии Саудӣ ба ҳамроҳи шумори дигаре аз муздурони хориҷӣ бо худравҳои зиреҳӣ аз самти устони Наҷрон дар Арабистон ба сӯи Яман дар ҳаракат буданд,ки дар талаи таркиши нерӯҳои яманӣ афтоданд ва шумори зиёде аз онҳо ба ҳалокат расиданд.

Аз сӯи дигар, шуморе аз муздурони Саудӣ қасди пешравӣ ба сӯи куҳистони Алдуд дар устони Ҷизонро доштанд,ки яманиҳо ин ҳамларо дафъ карда ва теъдоде аз таҷҳизоти низомии онҳоро  аз байн бурданд.

Соате пеш аз ин амалиёт, падофанди ҳавоии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман як паҳподи ҷосусии мутаалиқ ба артиши Арабистони Саудиро дар минтақаи  Садис, дар Наҷрон сарнагун карданд.

Нерӯҳои яманӣ дар посух ба ҳамлаҳои иттилофи мутаҷовизи Саудӣ ба ин кишвар, дар моҳҳои ахир, борҳо мавозеъи ин иттилофро дар минтақаҳои мухталифи Арабистон ва Иморот ҳадаф қарор доданд.

 Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва мутаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор Яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ сабаб шудааст.

Барчасп