Гиромидошти солрӯзи бомбаборони атомии Амрико дар Ҷопон
Маросими ёдбуди ҳафтодучаҳорумин солрӯзи бомбаборони атомии шаҳри Нагасаки тавассути Амрико бо суханронии Шинзо Обе, нахуствазири Ҷопон дар парки “Сулҳ”-и ин шаҳр баргузор шуд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Эн Эйч Кей”-и Ҷопон, бозмондагон ва хонаводаи қурбониёни бомбаборони атомии Амрико аз ҷумлаи ширкаткунандагон дар маросими имрӯз буданд.
Томиҳиса Тау, шаҳрдори Нагасаки дар ин маросим кишварҳои дорои силоҳи ҳастаиро ба анҷоми вазоифи худ бар асоси Паймони манъи тавлиди силоҳи ҳастаӣ фаро хонд.
Бомбаборони атомии Ҳеросима ва Нагасакии Ҷопон ду амалиёти атомӣ буданд, ки дар замони ҷанги ҷаҳонии дувум, дар августи соли 1945 ба дастури Ҳари Труман, раисҷумҳури вақти Амрико зидди Ҷопон анҷом гирифт. Ҳудуди 220 000 нафар дар асари ин ду бомбаборони атомӣ ҷон бохтанд.