Афзоиши бесобиқаи ҳамлаҳо ба масҷидҳо дар Олмон
(last modified Sat, 10 Aug 2019 07:27:28 GMT )
Август 10, 2019 12:27 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бесобиқаи ҳамлаҳо ба масҷидҳо дар Олмон

Ҳамлаҳои гурӯҳҳои исломситез дар Олмон ба масҷидҳо, афзоиши чашмгире доштааст.

Эмин Мазиқ раиси Шӯрои марказии мусалмонони Олмон эълом кард; омор дар бораи мизони ҳамлаҳо ба масҷидҳо дар ин кишвар танҳо мавориди гузориш шуда ба пулисро нишон медиҳад ва аз теъдоди воқеъиӣ таҳдид ва ҳамла ба масҷидҳо иттилое дар даст нест.

 Дар паи афзоиши ин таҳдидҳо ва ҳамлаҳо,акнун ҷомиъаи мусалмонони Олмон аз давлати ин кишвар мехоҳад,ки барои мубориза бо исломҳаросӣ виҳиди вижаеро таъсис мекунад.

15 мавриди таҳдид ба бомбгузорӣ ё ҳамла ба масҷидҳои Олмон таи ҳар ду рӯз дар моҳи июли гузашта ба сабт расид ва масҷидҳои Шӯрои маказии мусалмонони ин кишвар ( ZMD) низ 20 бор бо таҳдид рӯ ба рӯ шудаанд,ки бештарини таҳдидҳо аз ҷониби гурӯҳҳои неунозӣ аст.

Манбаъҳои амниятии Олмон ахиран гузоришҳоеро аз бомбгузорӣ,дар масҷидҳои шаҳрҳои ин кишвар дарёфт карданд.

Гурӯҳе аз исломситезон,дар моҳои ахир ба теъдоде аз масҷидҳо дар Олмон ҳамлавар шудаанд ва бар рӯи деворҳои он шиъорҳои нажодпарастона навиштанд.