Август 10, 2019 18:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба баргузоркунандагони таҷаммуъҳои ғайриқонунӣ дар Маскав

Вазорати дохилии Русия дар бораи баргузории таҷаммуъҳои ғайриқонунӣ дар Маскав ва дигар шаҳрҳои ин кишвар эълом кард, дахолати Сафорати Амрико дар нооромиҳои ахири пойтахт исбот шудааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, дар баёнияи Вазорати дохилии Русия омадааст: Бо вуҷуди ҳушдорҳои мукаррар, афроде дар фазои маҷозӣ хостори мушорикат дар таҷаммуи ғайримуҷоз дар хиёбонҳои марказии шаҳр ҳастанд.

Дар идомаи ин баёния бо ишора ба нақши Сафорати Амрико ва расонаҳои вобаста ба ин кишвар дар тазоҳурот ва таҷаммӯоти ғайриқонунии ахир ҳушдор дода шуда, ки масъулияти чунин тамосҳо ва ширкат дар чунин рӯйдодҳо муғойир бо муқаррарот ва назму эминии шаҳрвандон аст ва дар сурати мушоҳида, мутобиқи қонун бархурд хоҳад шуд.

Полиси Маскав ҳам эълом кард, талош барои баргузории таҷаммӯи умумии бидуни муҷаввиз ва ҳамчунин ҳар гуна иқдоми таҳрикомез аз тараф ширкаткунандагон, таҳдиде барои назми умумӣ талаққӣ ва билофосила мутаваққиф мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Тим Ричардсон, аз кормандони аршади Сафорати Амрико дар Маскав ба Вазорати умури хориҷаи Русия фаро хонда шуд то маротиби эътирози расмии давлати Русия ба вай иблоғ шавад.

Интишори иттилооти марбут ба як таҷаммӯи ғайриқонунӣ дар пойгоҳи интернетӣ ва ҳисоби твиттерии Сафорати Амрико ва низ ҳимоят аз муътаризон, далели эҳзори ин узви аршади Сафорати Амрико ба Вазорати умури хориҷаи Русия будааст.

 

Барчасп