Август 13, 2019 10:52 Asia/Dushanbe
  • Чархиши нигоҳи ДИИШ ба сӯи Африқо

Умар Форуқ таҳлилгари масоили гуруҳҳои террористӣ дар хусуси ояндаи ДИИШ гуфт, ин гуруҳак талош мекунад бо нуфуз дар қорраи Африқо фаолияти худро дар ин минтақа густариш диҳад.

Ба нақл аз ИРНО, таҳлилгари масоили гуруҳҳои террористӣ душанбешаб дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Россия-Алявм афзуд, ДИИШ аз гуруҳҳои террористии дигар монанди Букуҳаром, Аш-Шабоб, гуруҳи Тавҳид ва Ҷаҳод ва гуруҳи Абувалиди Саҳроӣ, ки дар ғарб, марказ ва шарқи Африқо ҳузур доранд кумак мегирад.

Вай гуфт, баҳрагирӣ аз ҷуғрофиёи табиии бархе кишварҳои африқоӣ ба вижа минтақаҳои куҳистонӣ ва биёбонӣ, ки метавонад паноҳгоҳи амне барои гуруҳаки ДИИШ ва фурсати хубе барои омӯзиши низомии ин террористҳо бошад аз дигар далоили тамаркузи ин гуруҳаки террористӣ бар Африқо аст.

Умар Форуқ тасреҳ кард, зарба задан ба марокиз ва манофеи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар Африқо ва ҳамалоти террористӣ бо ҳадафи таблиғоти расонаӣ барои қудратманд нишон додани худ аз дигар далелҳои ҳузури гуруҳаки террористии ДИИШ дар Африқо аст.

Таҳлилгари умури гуруҳҳои террористӣ гуфт, ДИИШ ба дунболи иҷрои роҳбурди бақои худ аз тариқи ҷазби кудакони африқоӣ аст ва талош мекунад бо ҷазби кудакон ва тарбияти онҳо насли наве аз тафакурот ва мабонии такфириро дар Африқо парвариш диҳад.

Форуқ афзуд, талои ДИИШ барои тасаллут бар масири ҳаракат ва тиҷорати силоҳ, маводи мухаддир ва низ гаравгонгирӣ дар минтақаҳои куҳистонӣ ва биёбонии Африко бо ҳадафи густариши нуфуз дар гуруҳҳое аст, ки таҳдидкунандаи манофеи Ғарб дар кишварҳои африқоӣ ба шумор меоянд.

Барчасп