Худкушии афсари полис дар Амрико
Мақомоти полиси Амрико шаби гузашта аз нуҳумин маврид худкушӣ дар миёни афсарони полиси ин кишвар аз ибтидои соли 2019 то кунун хабар доданд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо мақомот эълом карданд,ки як афсари полиси шаҳри Нию-Йорк бо собиқаи беш аз 25 сол хидмат дар нируи полиси Амрико,чаҳоршанбешаб дар хонааш дар минтақаи Коинзи Нию-Йорк бо шиллик ба сараш даст ба худкушӣ зад ва дар роҳи интиқол ба бемористон даргузашт.
Аз ибтидои соли 2019 то кунун ин нуҳумин афсари полиси амрикоӣ аст, ки худкушӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки дуруст як рӯз қабл аз ин воқеа,гузоришҳо аз худкуши як полиси дигар дар хонааш дар минтақаи Юнкерс ҳикоят дошт. Дар авҷи мавҷи ахири худкушӣ дар миёни афсарони полиси Амрико,Ҷемс Аунил,комиссари полис дар бораи бурузи буҳрони саломати руҳӣ ва равонӣ дар миёни маъмурони полиси ин кишвар ҳушдор дод.
Вай бо ирсоли паёмҳое барои афсарони полис бо ишора ба манобеъи дар дастрас барои кумак,аз онҳо хост дар сурати эҳсоси ниёз ҳатман аз ин кумакҳо ва мушовираҳои лозим истифода кунанд.Коршиносон мегӯянд омори худкушӣ дар миёни афсарони полис дар муқоиса бо дигар қишрҳои ҷомеаи Амрико бештар аст.
Онҳо бахше аз иллати ин падидаро ба навъи кори полис ва омодагии онҳо барои даст ба аслиҳа бурдан ва шиллик ба самти дигарон нисбат медиҳанд