Эъломи теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i45954-Эъломи_теъдоди_коргарони_муҳоҷири_хориҷӣ_дар_Русия
Теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия эълом шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 17, 2019 10:47 Asia/Dushanbe
  • Эъломи теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия

Теъдоди коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия эълом шуд.

Дар шаш ммоҳи нахусти имсол аз миёни 15 миллион нафар атбоъи хориҷие,ки вориди Русия шуданд,беш аз 2 миллион ва 400 ҳазор нафар аз онҳо бо ҳадафи корёби ба ин кишвар сафар кардаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник,дар ин мудат аз Узбакистон 918 ҳазор нафар, аз Тоҷикистон 523 ҳазору 100 нафар ва аз Қирғизистон 255 ҳазор нафар барои кор вориди Русия шудаанд.

Ин дар ҳоле аст,ки аз моҳи ноябри соли ҷорӣ муқарароти содакардани раванди дарёфти табаъияти Русия барои атбоъи кишварҳои узви ҷомиъаи ҳамсуд амалӣ хоҳад шуд.

Хонуми Валентина Казакова мудири умури муҳоҷирон дар Вазорати кишвари Русия гуфтааст,ки мудати дарёфти табаъияти ин кишвар аз 3 сол ба 1 сол ва баррасии дархости ин афрод аз шаш моҳ ба чор моҳ коҳиш меёбад. Афроди хориҷии бо таҳсилоти донишгоҳӣ ва ба вижа ононе,ки дардонишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои фанӣ ҳирфаии Русия дарс хондаанд, пизишкон ва коршиносони барқ ва амсоли онон дар авлавияти дарёфти табаъияти ин кишвар қарор хоҳанд гирифт.

Дар чорчуби барномаи осонсозии дарёфти табаъияти Русия шаҳрвандони Шӯравии собиқ ва ё ононе,ки ақвоми наздикашон дар Русияи феълӣ зиндагӣ мекунанд,аз имтиёз гирифтани шиносномаҳои табаъияти русӣ бедоштани иқомати муввақат бархурдор хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад,ки дар соли 2018 ҳудуди 36 ҳазор тоҷик мувафақ ба дарёфти табаъияти Русия шудаанд.