Август 18, 2019 10:05 Asia/Dushanbe
  • 6 захмӣ дар ҳамлаи низомиёни ҳиндӣ ба муътаризони кашмирӣ

Дар ҳамлаи рӯзи шанбеи низомиёни ҳиндӣ ба минтақаи Сринагари Кашмири таҳти контроли ин кишвар, камаш 6 муътаризи кашмирӣ захмӣ шуданд.

Ба нақл аз Алъолам, мардуми Кашмири таҳти контроли Ҳинд рӯзи шанбе ба рағми ҳукумат низомии давлати ин кишвар барои чандумин рӯзи пай дар пай дар ин минтақа тазоҳурот карданд.

Бар асоси эъломи шоҳидони айнӣ низомиёни ҳиндӣ илова бар маҷруҳ кардани 6 муътаризи кашмирӣ ба хонаҳои мардум низ ҳамла бурданд ва амволи онҳоро тахриб карданд.

Ҳамчунин дар Кашмири таҳти контрли Ҳинд ҳануз хутути интернет ва телефони ҳамроҳ қатъ ҳастанд.

Ҳинд душанбе 5 август ихтиёроти вижаи минтақаи Кашмири таҳти контроли ин кишварро бекор кард.

Бо лағви ихтиёроти вижаи минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд аз сӯи парлумони таҳти контроли ҳизби ҳокими ин кишвар шароит барои кашмириҳои таҳти контроли Ҳинд душвортар ва замина барои муҳоҷирати ҳиндуҳо ба ин минтақа ва хариду фуруши заминҳои Кашмир аз сӯи онҳо фароҳам шудааст.

Кашмириҳои таҳти контроли Ҳинд ин иқдом ва дигар гомҳои ахири Деҳлии Нав дар ин минтақаро эъломи ҷанг алайҳи худ хондаанд.

Давлати Покистон дар вокуниш ба иқдомоти хасмонаи Ҳинд зидди кашмириҳо сафири Ҳинд дар Исломободро ихроҷ ва равобити тиҷории худро бо ин кишвар ба ҳоли таълиқ даровардааст.

Муноқишаи Ҳинд ва Покистон бар сари Кашмир дар ҳолест, ки қатъномаи Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид бар баргузории ҳамапурсӣ барои таъини вазъияти ин минтақа таъкид дорад.

Барчасп