Сентябр 22, 2016 13:38 Asia/Dushanbe
  • Ширкати амрикоии

Ширкати амрикоии "Боинг" расман эълом кард, муҷаввизи фурӯши нахустин ҳавопаймоҳои ин ширкатро ба Эрон пас аз ҳудуди чиҳил сол, ба дунболи гармии равобити тиҷории Амрико ва Эрон, дар пайи тавофуқи ҳастаӣ касб кардааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии "Блумберг", ин ширкати ҳавопаймосозии мустақар дар Чикаго гуфтааст, дарёфти ин муҷаввиз аз як дафтари ношинохтаи Вазорати молияи Амрико пас аз он сурат гирифт, ки "Боинг" дар мавриди шароити таъмини 109 ҳавопаймои мавриди ниёзи "Эрон эйр" ба музокироташ бо ин ширкат идома медиҳад.

Идораи контроли дороиҳои хориҷӣ пеш аз ин муҷаввизҳои фурӯши 17 ҳавопаймои "Эйрбас"-ро ба Эрон дар чорчӯби як супориши 27-миллиарддолларии эъломшуда дар моҳи январ барои хариди 118 ҳавопаймо содир кард.

Марк Скар, сухангӯи "Боинг" гуфтааст, "ҳар гуна тавофуқи фурӯши ниҳоӣ бояд мутобиқ бо муҷаввизе бошад, ки мо дарёфт мекунем. Пеш аз ин охирин фурӯши "Боинг" ба Эрон ҳавопаймоҳои "Ҷамбоҷет-747" буд, ки дар соли 1977, ду сол қабл аз вуқӯи Инқилоб Исломӣ дар Эрон ба ин кишвар таҳвил дода шуд".

 

Барчасп