Август 20, 2019 18:45 Asia/Dushanbe

Ҳамсари нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳангоми пиёда шудан аз ҳавопаймо дар пойтахти Украина бо рафтори хилофи урф ба мардуми Украина тавҳин кард.

Сара Натаняҳу, ҳамсари Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе, ҳангоми пиёда шудан аз ҳавопаймо дар Киев, пойтахти Украина тикаи нонеро, ки ба расми меҳмоннавозӣ ва эҳтиром ба мақомоти кишварҳо тақдим мешавад, ба замин партофт. Натаняҳу дар тавҷеҳи рафтори ҳамсараш гуфт, агар ин мавзӯъ иттифоқ намеафтод, ин сафари таърихӣ бо чунин пӯшиши расонаӣ мувоҷеҳ намешуд. Нахуствазири режими саҳюнистӣ афзуд: “Шояд мо шевае барои ҷалби таваҷҷуҳ пайдо кардаем ва ба он идома хоҳем дод”.

Рӯзномаи “Ҷерусалим пост” низ гузориш дод, Сара Натаняҳу замоне ки аз Телавив озими Киев буд, бо асабоният қасди вуруд ба кабинаи халабонро дошт, чун хадамаи парвоз вуруди вайро ба ҳавопаймо ва Украина хушомад нагуфта буданд. Бар асоси ин гузориш, маъмурони амниятӣ монеъ аз вуруди ҳамсари Натаняҳу ба кабина шуданд ва пас аз он халабон бо баландгӯ иқдом ба хушомадгӯӣ кард. Ҳамзамон шабакаи телевизионии режими Исроил гузориш дод, Яир Натаняҳу, писари нахуствазир дар бораи падараш гуфтааст: “Бинёмин фарди заиф ва газофгӯ аст”.

 

Барчасп