Август 20, 2019 19:20 Asia/Dushanbe
  • Дархости мардуми Амрико барои таомули дипломатӣ бо Эрон

Бештари мардуми Амрико аз давлати худ мехоҳанд ба ҷойи таҳдиду иқдоми низомӣ алайҳи Эрон ба роҳҳои дипломатӣ рӯй оварад.

Пойгоҳи интернетии Муассисаи назарсанҷии “Гэллуп” дар гузорише навишт, 72 дарсади ҷумҳурихоҳони Амрико аз талошҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ барои ҳалли ихтилоф дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ҳимоят ва фақат 25 дарсади онон аз иқдоми низомӣ алайҳи ин кишвар ҳимоят мекунанд. Дар назарсанҷии “Гэллуп” ҳамчунин 86 дарсади демократҳо аз талошҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ барои муқобила бо барномаи ҳастаии Эрон ва 11 дарсад аз иқдоми низомӣ ҳимоят карданд.

Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, 65 дарсади амрикоиҳо, аз ҷумла бештари демократҳо (85 дарсад) аз ин ки Амрико хеле сареъ аз нерӯи низомӣ барои муқобила бо барномаи ҳастаии Эрон истифода кунад, нигаронанд.

 

Барчасп