Август 21, 2019 12:23 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Баҳрайн ба эътилофи дарёии Амрико

Баҳрайн ба эътилофи дарёии Амрико мепайвандад.

Шоҳи Баҳрайн да дидор бо фармондори амрикоӣ дар минтақа гуфт: Манама дар "таъмини амнияти дарёнавардии минтақа" нақш ийфо хоҳад кард.

Ба нақл аз  Форс, генерал Кант Маккензий, фармондеҳи Ситоди террористии артиши  Амрико дар ғарби Осиё бо Ҳамад ибн Исо Оли Халифа, шоҳи Баҳрайн дидор кард.

Шоҳи Баҳрайн дар ин дидор гуфт: Баҳрайн бо бародарон ва муттаҳидони худ дар таъмини амнияти каналҳои байналмилалии тиҷорат ва энергетика ва озодии дарёнавардӣ дар минтақа ийфои нақш хоҳад кард.

Оли Халифа ҳамчунин бар умқи равобити стратегӣ ва шарокати танготанги байни Баҳрайн ва Амрико дар тӯли даҳаҳои гузашта, ки мубтанӣ бар "эътимоди эътиром ва ҳамоҳангии муштарак" буда, таъкид кард.

 

Барчасп