Август 22, 2019 18:31 Asia/Dushanbe
  • Ҷавоби манфии Зелландияи Нав ба эътилофи амрикоӣ

Рӯзномаи “Нюзелланд Ҳералд” дар гузорише навишт, вазири дифои Зелландияи Нав дар посух ба дархости Англия эълом кардааст, киштӣ барои эъзом ба тангаи Ҳурмуз надорем.

Дар ин гузориш ба қалами Борис Ёнусич омадааст: “Вазири дифои Зелландияи Нав эълом кард, дар пайи тавқифи нафткаши англисӣ дар халиҷи Форс, Англия аз ин кишвар хостааст то ба гаштзанӣ дар тангаи Ҳурмуз кумак кунад,​ аммо мо киштӣ барои эъзом ба ин минтақа надорем”.

Ран Марк, вазири дифои Зелландияи Нав гуфт, дар ҳоле ки дархости расмӣ барои кумак ироа нашудааст, аммо Англия аз Зелландияи Нав ин саволро пурсидааст, ки оё зарфияте барои кумак дар ин замина дорад ё хайр. Марк дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, “Ман гуфтам, дар ҳоли ҳозир ҳар ду новчаи мо дар Канада дар дасти таъмир ҳастанд. Мо дар воқеъ ҳеҷ гуна қобилият дар дастрасӣ надорем”.

Гуфтанӣ аст, бо вуҷуди талоши Амрико барои ташкили эътилофи дарёӣ дар халиҷи Форс муташаккил аз 60 кишвар, то кунун кишварҳои зиёде аз пайвастан ба чунин эътилофе худдорӣ кардаанд. Ҷопон, Олмон, Фаронса ва Испания аз ҷумлаи муҳимтарин ҳампаймонони Амрико ҳастанд, ки ба дархости Вашингтон ҷавоб манфӣ додаанд.

 

Барчасп