Оғози мусобиқоти ҷаҳонии маҳорат бо ҳузури Эрон дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46118-Оғози_мусобиқоти_ҷаҳонии_маҳорат_бо_ҳузури_Эрон_дар_Русия
Мусобиқоти ҷаҳонии маҳорат бо ҳузури Эрон дар Русия оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 23, 2019 13:32 Asia/Dushanbe
  • Оғози мусобиқоти ҷаҳонии маҳорат бо ҳузури Эрон дар Русия

Мусобиқоти ҷаҳонии маҳорат бо ҳузури Эрон дар Русия оғоз шуд.

Чилупанҷумин давраи мусобиқоти ҷаҳонии маҳора бо ҳузури тими Эрон дар Қазон, пойтахти Ҷумҳурии Тотористон дар минтақаи Волгаи Русия ифтитоҳ шуд.

Ба нақл аз ИРНА, дар маросими ифтитоҳи мусобиқот, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, Рустам Миниханов, раисҷумҳури Тотористон, Татяна Куликова, муовини нахуствазири Русия ва ҷамъе аз мақомҳои русӣ ва байналмилалӣ ҳузур доштанд.

Барои баргузории ин мусобиқот 14, 7 миллиард рубл (226 миллион доллар) тахсис ёфтааст.

Бахши умдаи ин буҷа барои сохти маҷмӯаи намоишгоҳии Қазон-Экспо ба вусъати 269 ҳазор метри мураббаъ ҳазина шудааст, ки маркази баргузории мусобиқот аст.