Таъкиди Британия бар муқобила бо султаи доллар
(last modified Sat, 24 Aug 2019 03:49:27 GMT )
Август 24, 2019 08:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Британия бар муқобила бо султаи доллар

Раиси Бонки марказии Британия аз кишварҳои ҷаҳон хост арзи захираии ҷойгузине барои доллар пайдо кунанд.

Ба нақл аз Рейтерз, Марк Каренӣ рӯзи ҷумъа бо ишора ба нақши бесуботкунандаи доллари Амрико дар мубодилоти ҷаҳонӣ гуфт, бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон бояд ба якдигар бипайванданд ва арзи наверо ҷогузини доллар кунанд.

Бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Туркия ва Венесуэла ба дунболи ҳазфи доллар аз мубодилоти тиҷории худ бо дигар кишварҳо ҳастанд.

Амрико аз вобастагии ширкатҳо, бонкҳо ва системи молии байналмиллалӣ ба доллар ба унвони аҳруме барои водоштани дигарон ба пайравӣ аз хостаҳои ин кишвар истифода мекунад иқдоме, ки бо интиқоди густардаи байналмиллалӣ ру ба ру шудааст.