Август 24, 2019 09:14 Asia/Dushanbe
  • Чин: омодаи ҳамкорӣ бо Эрон барои барқарории субот дар минтақа ҳастем

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа аз омодагии ин кишвар барои ҳамкорӣ бо Эрон ҷиҳати барқарории сулҳу субот дар минтақа хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Генг Шоанг дар нишасти хабарии ҳафтагии худ бо таъкид бар ин ки Чин ва Эрон дустони суннатӣ ҳастанд тасреҳ кард, Пекин омодаи кор бо Эрон дар ростои эҷоди пешрафтҳои бештар дар заминаи мушорикати роҳбурдии ду кишвар ва низ барқарории сулҳу субот дар минтақаи Халиҷи Форс аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин ҳамчунин аз сафари Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Пекин да рӯзҳои 25 то 27 август хабар дод ва гуфт: Зариф ва Вонг Йи вазири умури хориҷаи Чин дар Пекин дар бораи равобити дуҷониба ва масоили байналмиллаалӣ ва минтақа гуфтугӯ ва табодули назар хоҳанд кард.

Генг Шоанг афзуд, Чин ва Эрон ҳамвора хоҳони ҳифзи равобити дустона будаанд равобите, ки таи 38 соли гузашта пойдор будааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар идома ибрози умедворӣ кард тақвияти равобити ду кишвар тадовум дошта бошад.