Август 26, 2019 14:54 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари кашмирӣ бар муқовимати мардум муқобили Ҳинд

Яке аз сарони канфронси Ҳарияти Кашмир аз мардуми ин минтақа хост дар муқобили ҳамлаҳои нерӯҳои амниятии Ҳинд муқовимат кунанд.

Ба нақл аз ИРНА, Сайид Алишоҳи Гелонӣ аз тасмими давлати Ҳинд бар  лағви имтиёзоти вижаи Ҷому ва Кашмир барои тағийри таркиби ҷамъиятии ин минтақа интиқод кард ва гуфт; давлати Ҳинд тамоми қавонини байналмиллалӣ ва қатъномаҳои Созмони Милалл дар бораи баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъи Кашмирро нақз кардааст.

Ин узви аршади канфронси Ҳарияти Кашмир афзуд; мардуми Кашмир бояд ба муборизаи худ бо нерӯҳои амниятии Ҳинд идома диҳанд.

Тасмими ахири давлати Мудӣ дар хусуси лағви имтиёзҳои вижаи Кашмир таҳти кантроли Ҳинд ва фароҳам кардани замина барои тағийри бофти ҷамъиятӣ дар ин минтақа,боиси ташдиди авзоъи Кашмир шудааст.

Пас аз ин тасмими давлати Ҳинд, танишҳо миёни Деҳлии нав ва Исломобод ташдид шуд ва Покистон зимни мухолифат бо иқдоми Ҳинд, робитаҳои худро бо ин кишвар ба поёнтарин сатҳ расонд.

Барчасп