Август 26, 2019 16:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Шӯрои номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бар ташкили давлати муваққат

Шӯрои номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом кард, барои заминасозии гуфтугӯҳои мустақими Толибон ва давлат, бояд давлати муваққат эҷод шавад.

Сухангӯи Шӯрои номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, барқарории сулҳ дар Афғонистон мумкин аст, аммо пас аз лағви интихобот бояд давлати муваққат эҷод шавад то бар асоси он битавон интихоботро ба таври шаффоф баргузор кард.

Шаҳоб Ҳакимӣ низ афзуд, раиси давлати муваққат бояд бо таъйиди давлати кунунӣ, аҳзоб ва чеҳраҳои сиёсӣ ва ҳамчунин Толибон интихоб шавад.

Муродалӣ Мурод, муовини аввали тими интихоботии “Амният ва адолат” ба раҳбарии Раҳматуллоҳ Набил низ гуфт, барои мудирияти раванди сулҳ замони ташкили давлати муваққат фаро расидааст.

Дар ҳоле, ки Толибон бо “ғайриқонунӣ ва дастнишонда” хондани давлати Афғонистон, аз гуфтугӯ бо давлат худдорӣ мекунад, бархе аҳзоб ва дигар ҷараёнҳои сиёсӣ низ пеш аз ин хостори ташкили давлати муваққат ва баргузории интихобот таҳти назорати чунин давлате шуда буданд.

Ин дар ҳолест, ки давлати Ашраф Ғанӣ бо баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар рӯзи муқарраршуда, дар 28-уми сентябр, борҳо бо ташкили давлати муваққат дар ин кишвар мухолифат кардааст.

 

 

 

 

Барчасп