Август 28, 2019 20:49 Asia/Dushanbe
  • Амрико ва режими саҳюнистӣ омили таниш дар минтақаи ғарби Осиё

Ноибраиси Ҳизби ҷамоати исломии Покистон Амрико ва режими саҳюнистиро омили таниш ва буҳрон дар минтақаи ғарби Осиё донист.

Лаёқат Балуч рӯзи чаҳоршанбе гуфт, таниш дар минтақаи Ғарби Осиё ва халиҷи Форс, натиҷаи тавтеаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ аст, ки ҳамонанди тавтеаи шайтонии “муомилаи қарн” зидди фаластиниён бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ноибраиси Ҳизби ҷамоати исломии Покистон ҳамчунин аз кишварҳои таъсиргузори минтақа, ба вижа Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чин, Покистон, Русия ва Туркия хост то бо рӯйи даст гирифтани нақшаи роҳи муштарак ва роҳбурди муассир, пеши роҳи ҳаҷмаҳои Амрико ва тавсеаталабии ин кишвар дар минтақаро бигиранд.

 

 

Барчасп