Август 31, 2019 11:55 Asia/Dushanbe
  • Даргирӣ дар вилояти Қундуз шимоли Афғонистон

Гузоришҳо аз даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибон дар вилояти Қундуз шимоли ин кишвар ҳикоят дорад.

Даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон,ки аз соати 2 бомдоди имрӯз шанбе ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Қундуз оғоз шуда то лаҳзаи мухобираи хабар ҳамчунон идома дорад.

Даргирӣ аз замоне оғоз шуд,ки Толибон ба мавозеъи нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шаҳри Қундуз ҳамла карданд.

Дар ин даргириҳо то кунун 9 ғайри низомӣ ва ду низомӣ захмӣ шудаанд.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид,сухангуи Толибон муддаъӣ шудааст ҷодаи умумии вилояти Қундуз ба тасаруфи ин гурӯҳ даромадааст.

Барчасп