Сентябр 01, 2019 14:48 Asia/Dushanbe
  • Лондон, Сидней ва Ню-Йорк зери об мераванд

Тасовире нав, ки аз минтақаи қутби Шимол мунташир шудааст нишон медиҳад, ки ин рӯзҳо шароити ин минтақа бисёр нороҳаткунанда ва хатарнок аст ва бисёр аз яхҳо дар ҳоли об шудан ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Марк Райт мудири илмии тарҳи наҷоти замин, ки тағйироти иқлимиро дар қутби Шимол баррасӣ мекунад мегуяд агар ҳамаи яхҳои Гренландия об шаванд сатҳи ҷаҳонии дарё ҳудуди 21 по (фут) боло меравад ва ин яъне шаҳрҳое монанди Лондон, Сидней ва Ню-Йорк зери об қарор мегиранд ва тамоми Бангладеш нопадид мешавад.

Вай афзуд ин достони илмӣ-тахаюлӣ нест, балки ин воқеияти тағйири обу ҳаво аст.

Марк Райт гуфт, зиндагӣ дар 10 соли гузашта ба тарзи чашмгире дар ин минтақа тағйир кардааст, то ҷое ки  сокинони ин минтақа ба вижа дар бахши шимоли ғарбӣ акнун ба пушидани тишерт ва газидагии пашшаҳо одат кардаанд ва ин дар ҳолест, ки дар даҳаҳои гузашта дар ҳеҷ фасле намешуд дар ин минтақа бо остин кутоҳ рафту омад кард, зеро ки ҳаво беш аз ҳад сард буд.

Доктор Виктория Ҳермон мудири омили муассисаи қутби Шимол ҳушдор дод, ки мо дар қутби Шимол дар ҳоли ворид шудан ба ҳолате нав ҳастем ва ончи акнун мебинем бисёр фаротар аз чизест, ки дар соли 2019 пешбинӣ кардем.

Вай таъкид кард, ки ин тағйирот дар даҳаҳои баъдӣ бадтар мешавад, то ҷое тобистонҳои бидуни яхро дар қутби Шимол хоҳем дид.

Коршиносон тағйироти иқлимӣ муътақиданд, ки афзоиши яхҳои дар ҳоли об шудан бархоста аз афзоиши тавлиди газҳои гулхонаӣ дар қарни гузаштааст.

Барчасп