Сентябр 01, 2019 18:29 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Афви Байналмилал аз идомаи муомилоти таслиҳотии Фаронса бо Арабистон ва Иморот

Созмони Афви Байналмилал таваққуфи фурӯши таслиҳоти фаронсавиро ба Арабистони Саудӣ ва Иморот хостор шуд.

Дафтари созмони Афви Байналмилал дар Фаронса эълом кард: Ба рағми хатари болои истифода аз силоҳҳо ва таҷҳизоти низомии содиротӣ аз Фаронса дар тасҳили куштори мардуми Яман ва нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, Париж ҳамчунон ба таъмини силоҳ барои Арабистон ва Иморот идома медиҳад.

Афви Байналмилал афзуд, ки дар канори Амрико, Британия, Испания ва Канада ҳамчунон аз таъминкунандагони аслии таҷҳизоти низомӣ барои Арабистон ва Иморот дар ҷанги Яман аст.

Афви Байналмилал таъкид кард, бояд бар давлати Фаронса эъмоли фишор шавад, то ин кишвар ба фурӯши ғайримасъулонаи силоҳ ба Арабистон ва Иморот, ки хатари кӯмак ба нақзи ҳуқуқи башар ва ранҷи ғайринизомиёнро дорад, поён  диҳад.

 

Барчасп