Июн 18, 2024 10:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари ҳизби меҳанпарастони Фаронса: НАТО ҷаҳонро ба самти ҷанги ҷаҳонии севум мекашонад

Флориян Филипат-раҳбари ҳизби меҳанпарастони Фаронса хостори бедории аврупоиён шуд ва ҳушдор дод: НАТО дар ҳоли кашондани ҷаҳон ба сӯи оғози ҷанги ҷаҳонии севум аст.

Дар пайи иқболи умумӣ аз аҳзоби ростгаро дар Аврупо ба вежа муваффақиятҳои нисбии ин аҳзоб дар интихоботи парлумони Аврупо,ки чанде пеш баргузор шуд, акнун онҳо беш аз пеш дар арсаҳои сиёсии кишварҳои мухталифи Аврупо ба вежа Фаронса ҳузур доранд. Ин аҳзоб аксаран ҷудоиталаб ва хостори хурӯҷ аз Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳастанд.

 Ба гузориши Порстудей, раҳбари ҳизби меҳанпарастони Фаронса дар ин росто расман хостори бедории мардуми Аврупо ва хурӯҷи Париж аз НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо шуд ва таъкид кард: Фаронса дар хатари инқироз аст ва агар худамон бедор нашавем, ин бедорӣ фаро хоҳад расид; аммо бисёр бераҳмонатар ва дардноктар хоҳад буд.

 Вай дар паёме дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хитоб ба мардуми Фаронса, навишт: Сирки сиёсии Фаронса ва Эмануэл Макрон-раисҷумҳури Фаронсаро фаромӯш кунем, баёнияҳои раҳбарони НАТО ҳикоят аз ин дорад, ки онҳо дар ҳоли кашондани ҷаҳон ба самти ҷанги ҷаҳонии севум ҳастанд.

 Ҳушдори раҳбари ҳизби меҳанпарастони Фаронса дар ҳоле аст, ки Енс Столтенберг-дабири кулли НАТО бо таъкид бар инки НАТО як иттиҳоди атомӣ аст, гуфт: НАТО ройзаниҳоеро барои омодасозии силоҳҳои ҳастаӣ баргузор мекунад.

 Вай бидуни пардохтан ба ҷузъиёти ин мавзӯъ гуфт, ки ҳадафи НАТО ҷаҳони орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ аст ва то замоне, ки силоҳҳои ҳастаӣ дар дунё вуҷуд дорад, мо низ як иттиҳоди атомӣ боқӣ хоҳем монд.

 

Барчасп