Эъломи омодабоши ҳастаии НАТО
(last modified Tue, 18 Jun 2024 08:12:42 GMT )
Июн 18, 2024 13:12 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодабоши ҳастаии НАТО

Дабири кулли НАТО гуфт ройзаниҳои бо аъзои НАТО дар хусуси хориҷ кардани таслиҳоти ҳастаӣ аз захирагоҳҳояшон ва қарор додани онҳо дар ҳолати «омода барои истифода» матраҳ шудааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Вион, Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО ба ташдиди қудратнамоии ҳастаии НАТО пардохт ва инки ин созмон барои ҳушдор ба Русия ва Чин таслиҳоти ҳастаияшро аз анбор хориҷ мекунад.

 НАТО дар ҳоли интибоқи вазъияти зарродхонаи ҳастаии худ дар бархурд бо таҳдидоти амниятии Русия ва Чин аст.

 Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО хостори он шудааст, ки ин ниҳод захоири худро ба ҷаҳониён нишон диҳад ва паёми мустақим ирсол кунад.

 Дабири кулли НАТО гуфт , ки Русия ва Чин ба сармоягузориҳои сангин барои таслиҳоти пешрафта аз ҷумла таслиҳоти ҳастаӣ идома медиҳанд. Ба истиноди омори Муассисаи байналмилалии пажӯҳишҳои сулҳ дар Стокголм, Русия ҳудуди 5580 кулоҳаки ҳастаӣ дорад. Амрико 5044 кулоҳаки ҳастаӣ дорад. Чин 500 кулоҳаки ҳастаӣ дорад.

 Дар ин миён, раиси Шӯрои амнияти миллии Украина иддаои бузурге матраҳ карда ва гуфтааст раисҷумҳури Русия дастури истифода аз таслиҳоти ҳастаии токтикиро дар сурати замингир шудани кишвараш дар ҷанг бо Украина, содир кардааст.