Узрхоҳии Олмон аз Лаҳистон аввалин бор пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум
Сентябр 01, 2019 19:54 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Олмон дар маросими ҳаштодумин солгарди оғози Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум аз Лаҳистон барои ҳамла ба ин кишвар узрхоҳӣ кард.
Ба гузориши рӯзит якшанбеи хабаргузории Фаронса, Франк- Валтер Штайнмайер дар маросиме дар шаҳри Вилони Лаҳистон, аввалин шаҳре, ки дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум бомбаборон шуд, ба ду забони олмонӣ ва лаҳистонӣ гуфт:
Ман дар муқобили қурбониёни ҳамла ба Вилон сар фуруд меоварам. Ман дар баробари қурбониёни лаҳистонии истибдоди Олмон сар фуруд меоварам ва аз онҳо талаби бахшиш мекунам.
Раисҷумҳури Лаҳистон низ пас аз суханони ҳамтои олмонии худ аз вай барои ин сафар қадрдонӣ кард.
Барчасп