Сентябр 03, 2019 17:36 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: Ҷанги Толибон ҷиноят алайҳи башарият аст

Раисҷумҳури Афғонистон дар пайи ҳамлаи душанбешаб дар Кобул, ки 16 кушта бар ҷой гузошт, бо судури баёнияе эълом кард, Толибон ба дастури бегона ба мардум осеб мезанад ва ин иқдомот ҷиноят алайҳи башарият маҳсуб мешавад.

Ба гузориши ИРНА, дар баёнияи раёсатҷумҳурии Афғонистон омадааст: “Толибон шаби гузашта ҳамлаи террористии ваҳшиёнае дар як минтақаи маскунӣ ва ғайринизомӣ анҷом дод, ки талафоти зиёде бар ҷой гузошт ва бисёре аз кушташудагону маҷрӯҳон ғайринизомӣ буданд”. Ашраф Ғанӣ дар ин баёния, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, зимни маҳкумияти ин ҳамла таъкид кард: “Ҷанги Толибон алайҳи кишвар ва шаҳрвандони мо ҷиноят алайҳи башарият аст”. Ғанӣ ҳамчунин гурӯҳи Толибонро аҷиршудагони маҳофили шарури хориҷӣ тавсиф кард, ки раҳбарони онҳо хориҷ аз Афғонистон мустақар ҳастанд.

Ҳамзамон бо сафари Залмай Халилзод, намояндаи Амрико ба Кобул ва гуфтугӯи ӯ бо афғонҳо дар бораи тавофуқ бо Толибон ва коҳиши хушунатҳо инфиҷори як худрави бомбгузоришуда дар минтақаии маскуние дар Кобул 16 кушта ва 119 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, ки бештари онон низ ғайринизомӣ ҳастанд. Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамлаи душанбешаб дар минтақаи маскунӣ дар Қобилбой, дар ноҳияи нуҳуми шаҳри Кобулро бар уҳда гирифт ва муддаӣ шуд, ки дар ин ҳамла "даҳҳо тан аз хориҷиҳои ишғолгар" кушта шудаанд. Сооте пеш аз ин ҳамлаи хунини Толибон Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои сулҳ Афғонистон гуфта буд, ки Вашингтон дар усул бо Толибон ба тавофуқ расидааст. Халилзод дар як гуфтугӯи вижа бо шабакаи хабарии “Тулӯъ нюс” гуфт , ки бар асоси ин тавофуқ, ҳудуди 5 ҳазор нерӯи амрикоӣ дар марҳалаи нахуст аз панҷ пойгоҳ дар Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд ва дар гоми нахуст хушунатҳо дар вилоятҳои Кобулу Парвон коҳиш хоҳад ёфт.

 

Барчасп