Сентябр 05, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Толибон масъулияти инфиҷори террористии Кобулро бар уҳда гирифт

Гурӯҳи Толибон масъулияти инфиҷори субҳи имрӯз (панҷшанбе)-и Кобул (пойтахти Афғонистон)-ро бар уҳда гирифт.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон муддаӣ шуд, бар асари инфиҷори бомб дар минтақаи ҳифозатшудаи Кобул (Вазир Акбархон), 12 низомии хориҷӣ ва ҳашт низомии афғон кушта шуданд.

Вазорати беҳдошти Афғонистон низ эълом кард, дар инфиҷори имрӯзи Кобул, 5 нафар кушта ва дастикам 28 нафар захмӣ шуданд.

Душанбешаб ҳам инфиҷори як худрави бомбгузори шуда дар минтақаи маскунии Кобул дастикам 20 кушта ва 120 захмӣ бар ҷо гузошт, ки бештари онон низ ғайринизомӣ ҳастанд.

Гурӯҳи Толибон масъулияти ин инфиҷори террористиро бар ӯҳда гирифта буд.

 

Барчасп