Сентябр 07, 2019 12:27 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милалл; ҳар 2 соат як зани яманӣ мемирад

Созмони Милалли Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар гузорише эълом кард дар ҳар 2 соат як зани яманӣ ба далели набуди зерсохтҳои дармонӣ ва фақри ғазоӣ ҷони худро аз даст медиҳад.

Ба нақл аз хубургузории Садо ва симо, Созмони Милалл дар ин гузориш ба таътилии бемористонҳои Яман ишора ва эълом кард аз маҷмуъи 268 бемористон дар Яман,ки аз ҳимояти сандуқи байналмиллалии пул бархурдор ҳастанд, то кунун 100 бемористон таътил шудааст ва пешбини мешавад бо таваҷуҳ ба авзои кунунӣ ва коҳиши будҷаҳо,75 бемористони дигар низ то поёни сентиябр таътил шаванд.

Созмони Милалл дар идома тасриҳ кард; раванди таътил шудани бемористонҳо дар Яман ба таври мустақим бар зиндагии 650 ҳазор яманӣ,ки ниёзманди хадамоти пизишкӣ беҳдоштӣ ҳастанд, таъсир гузоштааст.

 Муовини дабири кули Созмони Милалли Муттаҳид дар умури башардӯстона ахиран эълом карда Яман бо бадтарин фоҷиъаи инсонии таърих рӯ ба рӯст.

Марк Лукок гуфт; беш аз ниме аз мардуми Яман ҳамакнун ба кумакҳои башрдӯстона ниёзманд ҳастанд.

Сандуқи кудакони Милалли Муттаҳид ЮНИСЕФ ҳам дар гузорише зимни ҳушдор дар бораи авзои фоҷиабори инсонӣ дар Яман эълом кард; дар ҳар ду соат як модар ва 6 навзод дар ин кишвар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафзории Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, ҳахми шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ сабаб шудааст.

Барчасп