Сентябр 08, 2019 17:49 Asia/Dushanbe
  • Трамп аз дидори пинҳонӣ бо сарони

Раисҷумҳури Амрико ба талош барои дидори пинҳонӣ бо саркардагони "Толибон" дар хоки Амрико изъон кард.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар твитте навишт: Тақрибан бидуни иттилои ҳама қарор буд саркардагони аслии  "Толибон" ва ба таври ҷудогона раисҷумҳури Афғонистон рӯзи якшанбе ба таври пинҳонӣ бо ман дар Кэмп Дэвид дидор кунанд.!  Қарор буд онҳо имшаб ба Амрико биёянд. Мутаассифона онҳо барои эҷоди аҳруми дурӯғин, масъулияти як ҳамла дар Кобулро ба ӯҳда гирифтанд, ки мунҷар ба кушта шудани яке аз сарбозони мо ва 11 нафари дигар шуд. Ман билофосила ин дидорро лағв ва музокироти сулҳро мутаваққиф кардам.

Раисҷумҳури Амрико бо навиштани ин твит изъон кард, ки барои фирор аз ҷаҳаннами Афғонистон ҳозир шудааст, ки бо саркардагони "Толибон" ки Амрико дар соли 2001 барои нобудии онон ба Афғонистон ҳамла кард, дидори маҳрамона дар Кэмп Дэвид дошта бошад.

 

Барчасп