Вокуниши Сергей Лавров ба барканории Ҷон Болтон
(last modified Thu, 12 Sep 2019 05:56:04 GMT )
Сентябр 12, 2019 10:56 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Сергей Лавров ба барканории Ҷон Болтон

Вазири умури хориҷаи Русия дар бораи осори дипломатии барканории мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфт: “Қасд надорам дар мавриди таъсири ин иттифоқ бар равобити Амрико ва Русия гумоназанӣ кунам”.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ дар Маскав дар хусуси дидгоҳҳои сиёсии Ҷон Болтон, мушовири барканоршудаи амнияти миллии Кохи Сафед афзуд, Русия дар хеле масоил бо вай ихтилофи назар дошт.

Ин мақоми рус таъкид кард, Ҷон Болтон зимни муттакӣ будан ба як сабки хашин ва истифода аз равишҳои хушунатомезе монанди иқдомоти низомӣ, иқдомотеро дар ташдиди буҳронҳои имрӯзие монанди Венесуэла, Эрон ва мавориди дигар анҷом дода буд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сешанбешаб дар паёме твиттерӣ эълом кард, ки Болтон, мушовири амнияти миллии худро аз кор барканор кардааст.

Болтон яке аз пояҳои тиме буд, ки Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон онро таҳти унвони тими “Б” ба унвони гурӯҳи ҷангталабе, ки ҷаҳонро ноамн карда, муаррифӣ карда буд.