Эътирози Иттиҳодияи Аврупо ба иқдомоти Туркманистон нисбат ба зиндониён
Сентябр 14, 2019 16:44 Asia/Dushanbe
Иттиҳодияи Аврупо аз иқдомоти давлати Туркманистон нисбат ба зиндониён дар ин кишвар, бахусус зиндониёни сиёсӣ ибрози нигаронӣ кард.
Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти алании Шӯрои доими Созмони амниятӣ ва ҳамкории Аврупо аз иқдомоти давлати Туркманистон нибат ба зиндониён дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
Ба нақл аз Форс, дар баёнияи расмии ин иттиҳодия омадааст: Мо ҳамчунон нигарони иқдомоти давлати Туркманистон нисбат ба зиндониён дар ин кишвар буда ва иттилооти тасдиқшуда аз боздошти 120 нафар дар шароити номуносиб дорем.
Илова бар ин таи 6 соли гузашта дар зиндонҳои Туркманистон 27 нафар ҷон бохтаанд.
Дар феҳристи зиндониён намояндагони ҷунбишҳои опозитсионӣ, мақомоти баландпояи собиқ ва ғайра қарор доранд.