Нобудии бузургтарин анбори маводи мунфаҷираи "Толибон" дар вилояти Ғазнии Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i46725-Нобудии_бузургтарин_анбори_маводи_мунфаҷираи_Толибон_дар_вилояти_Ғазнии_Афғонистон
Нерӯҳои артиши Афғонистон дар амалиёте зидди гурӯҳи "ИТолибон" дар вилояти Ғазнӣ дар шарқи ин кишвар, бузургтарин анбори муҳиммот ва маводи мунфаҷираи ин гурӯҳро мунҳадим карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 14, 2019 18:04 Asia/Dushanbe
  • Нобудии бузургтарин анбори маводи мунфаҷираи

Нерӯҳои артиши Афғонистон дар амалиёте зидди гурӯҳи "ИТолибон" дар вилояти Ғазнӣ дар шарқи ин кишвар, бузургтарин анбори муҳиммот ва маводи мунфаҷираи ин гурӯҳро мунҳадим карданд.

Вазорати дифои Афғонистон рӯзи шанбе эълом кард: Нерӯҳои артиши ин кишвар ин анбори муҳиммот ва маводи мунфаҷираро дар шаҳристони Мақарри вилояти Ғазнӣ мунҳадим карданд.

Дар ин амалиёт 26 узви гурӯҳи "Толибон" низ кушта шуданд.

Ин миқдори маводи мунфаҷира қарор буд барои инфиҷори террористӣ дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон, аз ҷумла Кобул, пойтахти ин кишвар истифода шавад.