Сентябр 16, 2019 17:23 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Туркия ба изҳороти нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи Фаластин

Вазири умури хориҷаи Туркия изҳороти нахуствазири Исроил дар бораи илҳоқи Дараи Урдун ба арозии ишғолиро густохона хонд.

Мавлуд Човуш Ӯғлу дар нишасти фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷиддаи Арабистон гуфт, Исроил, ки бо ҳимояти бархе кишварҳо ҷасур шудааст, сиёсати таҳоҷумии худро идома медиҳад ва дар ҳоли табдил шудан ба режими нажодпараст ва опортойд аст.

Човуш Уғлӯ афзуд, агар тамоми уммат вокуниш нишон медоданд, нақша, сиёсат ва густохиҳои Амрико ва Исроил ба инҷо намерасид.

Вазири умури хориҷаи Туркия дар поён изҳор дошт, изҳороти шармовари Натаняҳу, нахуствазири Исроил талоше беҳуда барои касби чанд раъйи бештар дар интихобот аст.

Бенямин Натаняҳу дар остонаи такрори интихоботи Книсет (парлумон Исроил) дар ваъдаҳои интихоботии худ аз илҳоқи шаҳракҳои саҳюнистнишин дар Каронаи Бохтарӣ дар сурати пирӯзӣ дар ин интихобот, ба дигар манотиқи ишғолӣ сухан гуфтааст.

Нахуствазири режим саҳюнистӣ дар суханронии интихоботии худ бо такрори ваъдаи интихоботӣ; Муддаӣ шуд, ки шаҳракҳои саҳюнистнишин ва Дараи Урдун дар Каронаи бохтариро ба сарзамини ишғолӣ илҳоқ мекунад.

 

Барчасп